Бино ба гузориши хабарнигори Абно, Ҳамид Ризо Ҳоҷибобоӣ, ноиби Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломӣ, ки дар раъси як ҳайати парлумонӣ барои ширкат дар 151-умин иҷлосияи Маҷмаи Иттиҳоди Байнипарлумонӣ (IPU) ба Женева рафтааст, зимни суханронӣ бо ишора ба ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми мазлуми Фаластин, таъкид кард: "Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои байналмилалӣ аз иҷрои рисолати аслии худ дар дифоъ аз сулҳ, адолат ва карамоти инсонӣ бозмондаанд ва дар чунин шароит, парлумонҳо ба унвони намояндагони воқеии миллатҳо бояд садои виҷдони бедори башарият бошанд."
Ҳоҷибобоӣ бо баёни ин ки "акнун замони иқдомоти амалӣ алайҳи режими саҳюнистӣ фаро расидааст," гуфт: "Бар асоси охирин таҳаввулоти минтақа, Ҷумҳурии Исломии Эрон пешниҳодҳои мушаххасе барои муқобила бо ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ ироа мекунад."
Вай дар идома афзуд: "Ин пешниҳодҳо ба шарҳи зер эълом шуд:
-
Тасвиби қонунҳои ҳатмӣ аз ҷониби парлумонҳои кишварҳои исломӣ барои таҳрими комили иқтисодӣ, тиҷорӣ ва сиёсии режими саҳюнистӣ.
-
Эҷоди Кумитаи вижаи парлумонӣ дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Байнипарлумонии кишварҳои исломӣ ба манзури пайгирии мустамари ҷиноятҳои ҷангӣ ва ирҷои парвандаи режими саҳюнистӣ ба додгоҳҳои байналмилалии салоҳиятдор.
-
Тасҳили ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Ғазза аз тариқи ҳамоҳангӣ байни парлумонҳо, Созмони Ҳамкории Исломӣ ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари кишварҳо.
-
Ҳимоят аз ташкили кишвари мустақили Фаластин бо пойтахтии Қудси Шариф ва мухолифати қотеона бо ҳар гуна тарҳи таҷзия ё шаклҳои ҷадиди таҳмилӣ.
-
Тасвиби қонунҳои манъи вуруди мақомоти саҳюнист ва қатъи равобити дипломатӣ бо ин режим дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ.
Ноиби Раиси Маҷлис бо таъкид бар зарурати иқдоми форӣ афзуд: "Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳар ибтикор ва талоше барои таваққуфи ҷанг ва ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Ғазза ҳимоят мекунад ва ҳамеша дар масири таваққуфи наслкушӣ, хуруҷи нерӯҳои ишғолгар, озодии асирони фаластинӣ ва эҳқоқи ҳуқуқи миллати Фаластин гом бардоштааст."
Вай тасриҳ кард: "Мо аз ҳамаи зарфиятҳои дипломатики худ ба вижа дар сатҳи минтақа, Созмони Ҳамкории Исломӣ ва Созмони Милали Муттаҳид барои фишор бар режими саҳюнистӣ ва ҳомиёни он ҷиҳати таваққуфи ҷиноёт ва хуруҷи ишғолгарон аз Ғазза истифода кардаем."
Ҳоҷибобоӣ таъкид кард: "Ҳар гуна оташбас ё тавофуқи муваққат набояд боиси фаромӯшии адолат ва масъулияти кайфарии ҷинояткорон шавад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ вазифа дорад омирон ва омилони наслкушӣ ва ҷиноёти ҷангии Ғаззаро шиносоӣ ва муҳокима кунад; дар ғайри ин сурат таърих дубора такрор хоҳад шуд."
Вай хитоб ба парлумонҳои кишварҳои исломӣ гуфт: "Қудрати воқеии мо дар иттиҳоди сиёсӣ, ахлоқӣ ва эътиқодии уммати исломӣ нуҳуфта аст. Агар имрӯз сукут кунем, фардо ҳамагӣ қурбонии ҳамон низоми золимонае хоҳем шуд, ки адолат ва инсониятро аз байн бурдааст."
Ноиби Раиси Маҷлис таъкид кард: "Бояд аз ин нишаст паёми равшане аз азму иродаи миллатҳои мусалмон барои поён додани ишғолгарӣ ва бозгардонидани иззат ба Фаластин ба ҷаҳон мухобира кунем. Уммати исломӣ тамошогар нахоҳад монд ва пешгоми сулҳи одилона ва муқовимат дар баробари зулм аст."
Вай дар поён зимни гиромидошти ёди шаҳидони муқовимати Фаластин гуфт: "Ҷумҳурии Исломии Эрон бар ҳимояти қотеъи худ аз муқовимати машруъи миллати Фаластин, ҳаққи таъйини сарнавишт, бозгашти оворагон ва ташкили кишвари мустақили Фаластин бо пойтахтии Қудси Шариф таъкид дорад. Танҳо аз тариқи иттиҳоди уммати исломӣ, ҳамбастагии парлумонӣ ва эҳёи адолати ҷаҳонӣ метавон ба ояндае озод, одилона ва ба сулҳе пойдор ва шарофатмандона даст ёфт."
Your Comment